Таърихи мо

Таърихи таъсис ва фаъолияти созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»

Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» 17 июли соли 2014 дар шаҳри Москва бо ташаббуси гурӯҳе аз ҷавонони мубориз ва ватандӯсти тоҷик таъсис ёфт.

Ҳадафи асосии таъсиси созмон муттаҳид намудани ҷавонони тоҷик, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, мубориза бо зулму беадолатӣ, диктатура ва худкомагӣ, инчунин талош барои бунёди Тоҷикистони озод, демократӣ ва ҳуқуқбунёд буд.

Заминаҳои таъсиси созмон

Пас аз ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани шаҳид Умаралӣ Қувватов, роҳбари ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24», зимни яке аз суҳбатҳои ӯ дар Радиои «Зелло» масъалаи иштироки ҷавонони тоҷик дар фаъолияти сиёсӣ аз ҷониби гурӯҳе аз ҷавонони фаъол ба миён гузошта шуд.

Шодравон Умаралӣ Қувватов дар посух ба ин масъала ба ҷавонон тавсия дод, ки метавонанд як ҳаракати мустақили ҷавонон таъсис диҳанд ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии худро дар доираи он ба роҳ монанд.

Маҳз аз ҳамин суҳбат андешаи таъсиси созмони мустақили ҷавонон ба миён омад, ки баъдан заминаи таъсиси созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» гардид.

Таъсиси созмон, 17 июли соли 2014

Ҷаласаи таъсисии созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» 17 июли соли 2014 дар шаҳри Москва, дар утоқи кории Каромат Шарипов, бо иштироки ҷавонони мубориз ва ватандӯсти тоҷик баргузор гардид.

Каромат Шарипов, ки таҷрибаи таъсиси созмони ҷамъиятиро дошт, танҳо ҳамчун мушовир дар масъалаҳои бақайдгирии расмии созмон иштирок намуда, оид ба тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба мақомоти дахлдори Федератсияи Русия маслиҳат медод.

Дар ин ҷаласа Мақсуд Иброҳимов якдилона роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» интихоб гардид.

2 сентябри соли 2014 дар Қасри дӯстии халқҳо дар шаҳри Москва ҳамоиши навбатии созмон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш масъалаҳои ташкилӣ, ҳадафҳои асосӣ ва роҳҳои густариши фаъолияти созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Моҳи октябри соли 2014 ҳуҷҷатҳои созмон барои бақайдгирии расмӣ ба Вазорати адлияи Федератсияи Русия пешниҳод шуданд. Аммо мақомоти дахлдор аз бақайдгирии он худдорӣ карданд.

Бо вуҷуди рад шудани бақайдгирӣ, созмон фаъолияти худро қатъ накард.

Боздошти Мақсуд Иброҳимов, 9 октябри соли 2014

9 октябри соли 2014 Мақсуд Иброҳимов, роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», дар шаҳри Москва аз ҷониби мақомоти Русия бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ боздошт гардид.

Мақомоти Тоҷикистон истирдоди ӯро ба Тоҷикистон талаб карданд. Аммо 11 октябри соли 2014 Мақсуд Иброҳимов аз боздошт озод карда шуд.

Сӯиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов, шаби 26 ба 27 ноябри соли 2014

Шаби 26 ба 27 ноябри соли 2014 дар шаҳри Москва ба ҷони Мақсуд Иброҳимов, роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», аз ҷониби афроди номаълум сӯиқасд сурат гирифт.

Дар натиҷаи ҳамла ӯ аз шаш зарбаи корд, аз ҷумла дар минтақаи қафаси сина ва наздикии дил, ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд.

Созмон бар ин назар буд, ки ҳадафи ин ҳамла куштани Мақсуд Иброҳимов, роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», буд.

Созмон ин сӯиқасдро амали дорои ангезаи сиёсӣ арзёбӣ намуда, масъулияти онро ба режими Эмомалӣ Раҳмон нисбат дод ва ин ҳамларо шадидан маҳкум кард.

Мақсуд Иброҳимов баъд аз чанд рӯзи беҳушӣ ба ҳуш омад.

Бо вуҷуди вазнинии ҷароҳатҳо, ӯ аз ин сӯиқасд ҷони солим ба дар бурд ва пас аз анҷоми давраи муолиҷа аз беморхона рухсат ёфт.

Рабуда шудани Мақсуд Иброҳимов, 20 январи соли 2015

20 январи соли 2015 Мақсуд Иброҳимов дар шаҳри Москва рабуда шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Пеш аз ин ҳодиса ӯ дар робита ба сӯиқасди моҳи ноябри соли 2014 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия муроҷиат карда буд.

Пас аз интиқол ба Тоҷикистон ӯ тақрибан даҳ рӯз бидуни имкони тамос бо наздикон ва вакили дифоъ дар боздошт нигоҳ дошта шуд.

30 январи соли 2015 мақомоти Тоҷикистон боздошти Мақсуд Иброҳимовро дар Душанбе тасдиқ карданд.

Баъдан ӯ ба 17 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид.

Созмон рабудани роҳбари худ, интиқоли маҷбурии ӯ ба Тоҷикистон ва ҳукми зиндонашро маҳкум намуда, барои озодии ӯ талош кард.

Интихоби роҳбарияти нав, апрели соли 2015

Пас аз рабуда шудани Мақсуд Иброҳимов ва интиқоли ӯ ба Тоҷикистон, аъзои созмон барои идомаи фаъолият ва интихоби роҳбарияти нав тасмим гирифтанд.

Моҳи апрели соли 2015 ҷаласаи интихоботии созмон баргузор гардид.

Дар натиҷаи интихобот Маъруф Лангарчиев роҳбари созмон ва Сайгозиев Маҳмадсобир (Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор) муовини роҳбар интихоб гардиданд.

Роҳбарияти нав фаъолияти созмонро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва озодиҳои сиёсӣ идома дод.

Тағйироти роҳбарият, 31 январи соли 2016

31 январи соли 2016 дар ҷаласаи муштараки намояндагони созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» масъалаи тағйироти роҳбарият баррасӣ гардид.

Дар натиҷаи ин ҷаласа Сайгозиев Маҳмадсобир (Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор) роҳбари созмон ва Маъруф Лангарчиев муовини ӯ интихоб гардиданд.

Бо интихоби роҳбарияти нав созмон фаъолияти худро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон, мубориза бо худкомагӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон идома дод.

Фаъолияти муштарак бо «Гурӯҳи 24» ва «Озодӣ ва Адолат»

30 декабри соли 2017 дар шаҳри Кёлни Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи солонаи ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» бо иштироки фаъолон ва намояндагони «Гурӯҳи 24», созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва ҳаракати «Озодӣ ва Адолат» баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соли 2017, тағйироти кадрӣ ва сохторӣ, тақсимоти масъулиятҳо ва тақвияти ҳамкории ин ҳаракатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи қарорҳои қабулшуда ҳамкории созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», ҳаракати «Озодӣ ва Адолат» ва ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» ба марҳилаи нави фаъолияти муштарак ворид гардид.

Фаъолияти онҳо боз ҳам наздиктар ва ҳамоҳангтар шуда, намояндагони ҳаракатҳо дар сохтори муштараки сиёсӣ ва ташкилӣ масъулиятҳои гуногунро ба уҳда гирифтанд.

Дар доираи тақсимоти масъулиятҳо баъзе масъулиятҳои ташкилӣ ба шуъбаи дахлдор вогузор гардиданд.

Ҳамзамон, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор масъулияти намояндагии ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба уҳда гирифт.

Ин тағйироти сохторӣ маънои қатъ гардидани фаъолияти созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ё канор рафтани Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор аз роҳбарии онро надошт. Ӯ роҳбарии созмонро идома дода, ҳамзамон дар доираи фаъолияти муштарак масъулиятҳои навро ба уҳда гирифт.

Аз он давра созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» ва ҳаракати «Озодӣ ва Адолат» идома дод.

Бақайдгирии расмӣ ва идомаи фаъолият дар Австрия, соли 2025

Соли 2025 созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Австрия, шаҳри Вена, ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд.

Номи расмии созмон ба забони олмонӣ:

Молодёжь Таджикистана за возрождение Таджикистана

Рақами бақайдгирии давлатӣ (номер ZVR): 1697254806

Бақайдгирии расмӣ дар Австрия барои идомаи фаъолияти қонунӣ ва созмонёфтаи созмон замина фароҳам оварда, марҳилаи нави фаъолияти онро оғоз намуд.

Роҳбарии созмонро Муҳаммадсобири Абдукаҳҳор (Маҳмадсобир Сайгозиев) ба уҳда дорад.

Имрӯз созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» фаъолияти худро аз шаҳри Вена идома дода, дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» ва ҳаракати «Озодӣ ва Адолат» дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва арзишҳои демократӣ фаъолият менамояд.

Бо ҳамин, созмоне, ки соли 2014 дар шаҳри Москва таъсис ёфта буд, фаъолияти худро қатъ накарда, пас аз марҳилаҳои гуногуни таърихӣ имрӯз низ фаъолияти худро идома медиҳад.

САРЧАШМАҲО ВА САНАДҲОИ ТАЪРИХӢ

1. Таъсиси созмон, соли 2014

«Движение „Молодежь Таджикистана за возрождение Таджикистана“». Гурӯҳи 24, 31 июли соли 2016.

Кушодани манбаъ

2. Боздошти Мақсуд Иброҳимов, октябри соли 2014

Санади Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона. Дар санад боздошти Мақсуд Иброҳимов 9 октябри соли 2014 ва озод шудани ӯ 11 октябри соли 2014 зикр шудааст.

Кушодани санади СММ

3. Сӯиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов, 27 ноябри соли 2014

«Ҷузъиёти сӯиқасд ба яке аз ёрони У. Қувватов дар Маскав». Радиои Озодӣ.

Кушодани хабар

4. Вазъи саломатии Мақсуд Иброҳимов, 29 ноябри соли 2014

«Мақсуд Иброҳимов пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст». Радиои Озодӣ.

Кушодани хабар

5. Интихоби роҳбарияти нав, апрели соли 2015

«Лангарчиев раиси „Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон“ шуд». Радиои Озодӣ, 24 апрели соли 2015.

Кушодани хабар

6. Ҳукми зиндони Мақсуд Иброҳимов, соли 2015

«Додгоҳи Исмоили Сомонӣ: Мақсуд Иброҳимов ба 17 сол маҳкум шуд». Радиои Озодӣ, 23 июли соли 2015.

Кушодани хабар

7. Тағйироти роҳбарият, соли 2016

«Кадровые изменения в политическом движении». 3 феврали соли 2016.

Кушодани манбаъ

8. Мусоҳибаи Маъруф Лангарчиев, 20 феврали соли 2018

«Маъруф Лангарчиев: як одами босавод дар ин режим нест, ки лоақал дурӯғи наве созад».

Кушодани мусоҳиба

9. Фаъолияти муштараки «Гурӯҳи 24», «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва «Озодӣ ва Адолат»

«Детально об итоговом совещании Группы 24». 1 январи соли 2018.

Кушодани манбаъ

10. Бақайдгирии расмии созмон дар Ҷумҳурии Австрия, соли 2025

Феҳристи марказии иттиҳодияҳои Австрия (Central Register of Associations, ZVR).

Номер ZVR: 1697254806

Кушодани сомонаи расмии ZVR

Озодӣ · Адолат · Мардумсолорӣ · Баробарҳуқуқӣ