Зодрӯз муборак, бародари мубориз Мақсуд Иброҳимов!

Имрӯз, 3 ноябр, зодрӯзи яке аз мардони шуҷоъ, ватандӯст, меҳанпарвару миллатдӯст, яке аз бунёдгузорон ва нахустин роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», бародари азизи мо Мақсуд Иброҳимов мебошад.

Ӯ барои ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ ва ормони Тоҷикистони озоду обод, ки мардумаш соҳиби ҳуқуқу озодиҳо ва ҳаққи интихоби сарнавишти худ бошанд, мубориза мебурд. Дар ин роҳ нахуст ба ҷони ӯ аз ҷониби режими Эмомалӣ Раҳмонов сӯиқасд сурат гирифт, сипас ӯро рабуда, маҷбуран ба Тоҷикистон интиқол доданд ва дар Тоҷикистон аз ҷониби режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов ноодилона ба 17 соли зиндон маҳкум гардид.

Мақсуд Иброҳимов аз зумраи он фарзандони ҷасуру сарсупурдаи миллат аст, ки озодӣ, сарбаландӣ ва зиндагии шоистаи мардуми худро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузоштаанд. Ӯ мехост, ки мардуми Тоҷикистон озод бошанд, садояшон шунида шавад ва ҳеҷ кас барои андеша, ақида ва мавқеи сиёсии худ мавриди таъқибу фишор қарор нагирад.

Ҳарчанд солҳо боз дар паси панҷараҳои зиндон қарор дорад, аммо ҷасорат, ватандӯстӣ ва талошҳои ӯ барои озодиву адолат ҳаргиз аз хотираи ҳамсафон ва дӯстдорони озодӣ фаромӯш нахоҳанд шуд.

Зиндон метавонад инсонро аз озодӣ маҳрум созад, аммо наметавонад ормонҳои ӯро барои озодӣ, адолат ва сарбаландии миллат аз байн барад.

Мо ин марди шуҷоъ, ватандӯст ва муборизи роҳи озодиро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди меҳрубон барояш тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, сабру таҳаммул, иродаи қавӣ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ аз зиндон ва чанголи золимонро таманно дорем.

Умедворем, ки ин охирин зодрӯзи ӯ дар паси панҷараҳои зиндон бошад ва ҳарчи зудтар ба оғӯши гарми хонавода, фарзандон ва наздиконаш баргардад.

Бародари азиз Мақсуд Иброҳимов!

Бигзор Худованди меҳрубон нигаҳбонатон бошад, ба қалбатон неру, ба ҷисматон саломатӣ ва ба рӯзгоратон рӯшноиву озодӣ ато фармояд. Бовар дорем, ки рӯзҳои сахт поён меёбанд ва рӯзе фаро мерасад, ки Шумо дар канори азизонатон, дар фазои озодӣ ва оромӣ, зодрӯзатонро таҷлил хоҳед кард.

Зодрӯзатон муборак, бародари азиз ва мубориз Мақсуд Иброҳимов!

Ба умеди озодии ҳарчи зудтари Шумо ва тамоми зиндониёни сиёсӣ!

Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *