Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ҳукми 17-солаи Асадулло Бобоевро шадидан маҳкум мекунад

Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ҳукми 17-солаи зиндонро нисбат ба фаъоли сиёсӣ Асадулло Бобоев шадидан маҳкум намуда, онро ҳукми ноодилона, дорои ангезаҳои сиёсӣ ва мухолифи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, арзишҳои демократӣ ва принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад.

Тибқи иттилои расонаҳо, Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли 2026 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, рӯзи 21 сентябри соли 2026 аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мо ин ҳукмро намунаи дигари саркӯби дигарандешӣ ва таъқиби шаҳрвандоне медонем, ки ҷуръат мекунанд аз сиёсатҳои низоми Эмомалӣ Раҳмонов интиқод намоянд ва дар бораи мушкилот, камбудиҳо ва ноадолатиҳои ин низом ошкоро сухан гӯянд.

Поймол шудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон

Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Ҳамчунин, моддаи 30-и Конститутсия озодии суханро кафолат дода, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ мекунад.

Ин ҳукм бори дигар исбот мекунад, ки режими Эмомалӣ Раҳмонов як низоми худкома буда, барои дар курсии қудрат боқӣ мондан на меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро риоя мекунад ва на муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром мегузорад. Барои ин режим ҳифзи қудрат аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва арзишҳои демократӣ болотар қарор гирифтааст.

Асадулло Бобоев дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва изҳороти худ аз мушкилот, камбудиҳо ва ноадолатиҳое сухан мегуфт, ки солҳо боз ҷомеаи Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯ аст. Ӯ аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сиёсатҳои режими Эмомалӣ Раҳмонов интиқод мекард.

Ба ҷойи шунидани садои чунин шаҳрвандон, баррасии мушкилоти ҷомеа ва ислоҳи камбудиҳо, режими Эмомалӣ Раҳмонов роҳи таъқиб, тарсондан ва зиндонӣ кардани мунаққидонро пеш гирифтааст.

Аммо як ҳақиқатро набояд фаромӯш кард: офтобро бо доман пӯшондан мумкин нест.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фасод, беадолатӣ ва норасоиҳои идораи давлатӣ огоҳанд. Зиндонӣ кардани шахсоне, ки дар бораи ин мушкилот ошкоро сухан мегӯянд, наметавонад худи мушкилотро аз байн барад.

Режими Эмомалӣ Раҳмонов бояд дарк кунад, ки бо хомӯш кардани садои як мунаққид ҳақиқат аз байн намеравад.

Зиндонӣ кардани як дигарандеш зарба ба зиндагии як оила

Зиндонӣ кардани як шаҳрванди дигарандеш танҳо маҳрум сохтани як нафар аз озодӣ нест. Ин амал метавонад ба сарнавишти як оилаи комил зарбаи сахт расонад.

Паси ҳар шахси зиндонӣ як оила, падару модар, ҳамсар, фарзандон, бародарону хоҳарон ва наздиконе қарор доранд, ки аз сарнавишти ӯ ранҷ мекашанд.

Вақте шахсе барои ақида ва мавқеи сиёсии худ зиндонӣ мешавад, танҳо зиндагии ӯ осеб намебинад. Оромии як хонавода аз байн меравад, фарзандон аз меҳру тарбияи падар маҳрум мешаванд, ҳамсар бо мушкилоти рӯзгор танҳо мемонад ва падару модар дар ғаму андӯҳи фарзанди худ зиндагӣ мекунанд.

Ҳар як чунин ҳукм метавонад ба зиндагӣ ва ояндаи чандин нафар таъсири ҷиддӣ расонад.

Режими Эмомалӣ Раҳмонов шояд гумон кунад, ки бо зиндонӣ кардани як мунаққид даҳҳо нафари дигарро метарсонад. Аммо чунин сиёсат метавонад натиҷаи баръакс диҳад ва эҳсоси беадолатӣ, нобоварӣ ва норозигиро дар ҷомеа амиқтар созад.

Зеро ҳар як маҳбуси сиёсӣ наздиконе дорад, ки аз ранҷу азоби ӯ огоҳанд. Онҳо низ аз мушкилоту ноадолатиҳои ҷомеа хабар доранд, аммо шояд аз тарси таъқиб ҷуръати баён кардани андешаҳои худро надошта бошанд.

Вақте яке аз наздикони онҳо барои сухан гуфтан дар бораи ин мушкилот зиндонӣ мешавад, эҳсоси норозигӣ ва нафрат нисбат ба режими Эмомалӣ Раҳмонов метавонад дар дили онҳо боз ҳам бештар гардад.

Хомӯшии мардум маънои ризоияти онҳоро надорад. Норозигиеро, ки солҳо дар дили инсон ҷамъ мешавад, наметавон то абад бо тарсу таҳдид нигоҳ дошт.

Рӯзе мерасад, ки чунин норозигиҳо метавонанд ба эътирозҳои густурдаи осоишта ва талаби адолату тағйироти сиёсӣ табдил ёбанд.

Метавон инсонро зиндонӣ кард, аммо андеша, хотира ва эҳсоси адолатхоҳии ҷомеаро зиндонӣ кардан ғайриимкон аст.

Таърих борҳо нишон додааст, ки фишор, тарсондан ва саркӯби дигарандешон роҳи пойдори ҳалли мушкилоти сиёсӣ нестанд. Баръакс, чунин амалҳо метавонанд эътимоди мардумро ба низоми давлатдорӣ коҳиш дода, пояҳои режимҳои худкомаро заиф созанд.

Қазияи Шавкати Муҳаммад дар Австрия далели дигари таъқиби сиёсӣ ва фишор ба як хонавода

Қазияи Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов) ва аъзои хонаводаи ӯ дар Ҷумҳурии Австрия бори дигар нишон медиҳад, ки режими Эмомалӣ Раҳмонов барои нигоҳ доштани қудрати худ на танҳо мухолифони сиёсӣ ва рӯзноманигорон, балки наздикону аъзои хонаводаи онҳоро низ ҳадафи таъқиб қарор медиҳад.

Моҳи апрели соли 2026 мақомоти Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Австрия истирдоди 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дархост карданд. Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» аз ҷумлаи аввалин созмонҳое буд, ки ин масъалаи нигаронкунандаро расонаӣ намуд.

Ба иттилои созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», дар миёни ин 18 нафар Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов) ва чаҳор узви хонаводаи ӯ низ қарор доштанд:

  1. Модараш Шарофат Шарифова, 77-сола.
  2. Ҳамсараш Ҳанифамоҳи Дӯстмуҳаммад.
  3. Бародараш Билолиддин Шарифов.
  4. Писараш Абдулвосит Шарипов.

Ин қазия бори дигар нишон медиҳад, ки таъқиби сиёсӣ метавонад на танҳо як шахс, балки тамоми аъзои хонаводаи ӯро зери фишор қарор диҳад.

Ин ҷо сухан танҳо дар бораи таъқиби як мухолифи сиёсӣ нест. Сухан дар бораи сарнавишти як хонавода меравад, ки аъзои он ба сабаби фаъолияти сиёсӣ ва рӯзноманигории як нафар бо хатари ҷудоӣ, боздошт ва зиндон рӯ ба рӯ шудаанд.

Чӣ гуна метавон талош барои истирдоди модари солхӯрда, ҳамсар, бародар ва фарзанди як рӯзноманигорро бо принсипҳои адолат, инсонпарварӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон мувофиқ донист?

Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена рӯзи 5 августи соли 2026 дархости истирдоди Шавкати Муҳаммад, модараш Шарофат Шарифова ва бародараш Билолиддин Шарифовро рад кард. Ҳамчунин, рӯзи 14 август дархости истирдоди ҳамсари ӯ, Ҳанифамоҳи Дӯстмуҳаммад, низ аз ҷониби додгоҳи Австрия рад гардид.

Тибқи маълумоти созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», аз 18 нафаре, ки режими Эмомалӣ Раҳмонов истирдоди онҳоро дархост карда буд, то имрӯз мақомоти судии Австрия истирдоди 14 нафарро ба Тоҷикистон рад кардаанд.

Ин натиҷа бозгӯи он аст, ки иттиҳомоти пешниҳодкардаи мақомоти Тоҷикистон нисбат ба мухолифони сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар низоми судии як кишвари демократӣ бо шубҳаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар робита ба ҳамин қазия, роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор бо намояндаи додгоҳи Австрия, ки масъули баррасии парвандаҳои истирдод мебошад, суҳбат анҷом дода, чунин суол кардааст:

«Оё хатари истирдоди ин 18 нафар ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?»

«Ин парвандаҳое, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол кардааст, ҳама дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошанд. Амалҳое, ки дар ин парвандаҳо ба шаҳрвандон нисбат дода шудаанд, дар кишвари мо ҷиноят ба ҳисоб намераванд.

Баръакс, дар кишвари мо мақомоти давлатӣ бо чунин шаҳрвандон мулоқот мекунанд, андешаҳои онҳоро мешунаванд ва аз забони худи онҳо дар бораи камбудиву мушкилоти ҷомеа огоҳ мешаванд».

Ин посухи гузоришшуда фарқи муносибати низоми демократӣ ва режими худкомаро ба озодии баён равшан месозад.

Дар кишварҳои демократӣ шаҳрванд метавонад аз роҳбарони давлат, мақомоти давлатӣ ва сиёсатҳои онҳо ошкоро интиқод кунад. Аммо режими Эмомалӣ Раҳмонов чунин танқидҳоро таҳдид ба қудрати худ дониста, бо истифода аз иттиҳомоти ҷиноӣ талош мекунад садои мунаққидонро хомӯш созад.

Ин қазия бори дигар моҳияти худкома ва зиддимиллии режими Эмомалӣ Раҳмоновро ошкор мекунад низоме, ки ба ҷойи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони худ, барои саркӯби садои интиқодӣ ҳатто аъзои як хонаводаи тоҷикро дар хориҷ аз кишвар мавриди таъқиб қарор медиҳад.

Режиме, ки барои хомӯш кардани садои як рӯзноманигор модар, ҳамсар, бародар ва фарзанди ӯро низ ҳадафи фишор қарор медиҳад, наметавонад худро ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои миллати тоҷик муаррифӣ намояд.

Ин қазия ҳамчунин нишон медиҳад, ки сарҳадҳои давлатӣ наметавонанд ҳамеша мухолифони сиёсиро аз кӯшишҳои таъқиби фаромарзӣ эмин нигоҳ доранд.

Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» чунин муносибатро нишонаи равшани сиёсати худкома, таҳаммулнопазирӣ нисбат ба дигарандешон ва беэътиноӣ ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ мекунад.

Таъқиби як рӯзноманигор барои сухан гуфтан ва зери фишор қарор додани тамоми хонаводаи ӯ на нишонаи қудрати режим, балки нишонаи тарси он аз сухани озод ва ҳақиқат мебошад.

Ояндаи Тоҷикистонро бо зиндон сохтан мумкин нест

Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» бар ин назар аст, ки сиёсати саркӯби дигарандешон, маҳдуд кардани озодии сухан ва истифодаи низоми судӣ ҳамчун воситаи фишор ба мунаққидон наметавонад суботу оромии воқеии ҷомеаро таъмин намояд.

Режими Эмомалӣ Раҳмонов барои нигоҳ доштани қудрати худ зиндагӣ ва сарнавишти ҳазорон шаҳрванд ва хонаводаҳои онҳоро зери таъсири сиёсатҳои саркӯбгарона қарор додааст.

Зиндонӣ кардани як шахс барои гуфтани ҳақиқат роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеа нест. Бо зиндонӣ кардани онҳое, ки аз камбудиҳо, фасод, зулму ситам ва беадолатӣ сухан мегӯянд, наметавон ин мушкилотро бартараф кард.

Баръакс, чунин амалҳо метавонанд рӯз ба рӯз пояҳои эътимод ба режими Эмомалӣ Раҳмоновро заифтар созанд.

Ҳар як ҳукми ноодилона, ҳар як боздошти дорои ангезаҳои сиёсӣ ва ҳар як кӯшиши хомӯш кардани садои дигарандешон метавонад норозигии навро дар ҷомеа ба вуҷуд оварад.

Режими Эмомалӣ Раҳмонов бояд бидонад, ки ҳеҷ қудрате абадӣ нест ва ҳеҷ низоми худкомае наметавонад танҳо бо тарс, зиндон ва саркӯб барои ҳамеша пойдор бимонад.

Мо бар ин боварем, ки ояндаи Тоҷикистон ба озодӣ, адолат, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва иштироки озодонаи шаҳрвандон дар муайян кардани сарнавишти кишвари худ вобаста аст.

Зиндон роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеа нест. Ҳақиқатро метавон муваққатан хомӯш кард, аммо онро барои ҳамеша аз байн бурдан ғайриимкон аст.

Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»

Вена, Ҷумҳурии Австрия

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *